Telegram Group & Telegram Channel
Бо фармонҳои Президент ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нафарони зерин таъин шуданд:

Собирзода Эмомалӣ Абдураҳим - Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саидзода Бобоҷон Абдуқодир - Муовини якуми Вазири мудофиа - сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шералӣ Мирзо - Сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафарзода Хуршед Сафар - Сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Исфандиёри Саъдулло - Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамчунин аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи бандҳои 8 ва 9 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз вазифаи муовини Прокурори генералӣ - Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз вазифаи муовини якуми раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдуллозода Зебонисо Файзулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан, барои ба вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло, ба вазифаи Раиси суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Абдуллозода Зебонисо Файзулло ирсол гардид.

Тибқи тартиби муқарраргардида, мутобиқи моддаҳои 18 ва 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Чиллазода Қарахон ва ба вазифаи раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон ирсол гардиданд.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #ТаъинотиКадрӣ #КадровыеНазначения #PersonnelAppointments

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

group-telegram.com/emomalirahmontjk/9936
Create:
Last Update:

BY Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon

Share with your friend now:
group-telegram.com/emomalirahmontjk/9936

View MORE
Open in Telegram

Telegram | DID YOU KNOW?

Date: |

NEWS Update March 8, 2022: EFF has clarified that Channels and Groups are not fully encrypted, end-to-end, updated our post to link to Telegram’s FAQ for Cloud and Secret chats, updated to clarify that auto-delete is available for group and channel admins, and added some additional links. The gold standard of encryption, known as end-to-end encryption, where only the sender and person who receives the message are able to see it, is available on Telegram only when the Secret Chat function is enabled. Voice and video calls are also completely encrypted. Again, in contrast to Facebook, Google and Twitter, Telegram's founder Pavel Durov runs his company in relative secrecy from Dubai. Unlike Silicon Valley giants such as Facebook and Twitter, which run very public anti-disinformation programs, Brooking said: "Telegram is famously lax or absent in its content moderation policy."
from nl

Telegram Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
FROM American