Telegram Group & Telegram Channel
Таъиноти кадрӣ

Имрӯз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи банди 9 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи муовини Прокурори генералӣ - Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҳаётзода Фирдавс Ҷурахон ва ба вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Қосимзода Хайриддин Шарифҷон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо ирсол гардид.

Бо фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти дигари кадрӣ дар баъзе раёсатҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” амалӣ карда шуд.

Саидзода Тоҷиддин Ниёз аз вазифаи раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе озод ва ба вазифаи муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Худоёрзода Худоёр Бахтиёр аз вазифаи сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва муовини якуми раиси Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” таъин гардид.

Ҷумъазода Маҳмуд аз вазифаи мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ озод ва сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.

Холиқзода Ҷонибек аз вазифаи мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ озод ва сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Абдуллозода Алишер Ҳамид аз вазифаи муовини сардори раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва сардори раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ таъин карда шуд.

Собирзода Нуралӣ Миралӣ, ки то ин вақт ба ҳайси муовини Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият дошт, бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #ТаъинотиКадрӣ #КадровыеНазначения #PersonnelAppointments

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

group-telegram.com/emomalirahmontjk/9938
Create:
Last Update:

BY Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon

Share with your friend now:
group-telegram.com/emomalirahmontjk/9938

View MORE
Open in Telegram

Telegram | DID YOU KNOW?

Date: |

For Oleksandra Tsekhanovska, head of the Hybrid Warfare Analytical Group at the Kyiv-based Ukraine Crisis Media Center, the effects are both near- and far-reaching. "Like the bombing of the maternity ward in Mariupol," he said, "Even before it hits the news, you see the videos on the Telegram channels." Russians and Ukrainians are both prolific users of Telegram. They rely on the app for channels that act as newsfeeds, group chats (both public and private), and one-to-one communication. Since the Russian invasion of Ukraine, Telegram has remained an important lifeline for both Russians and Ukrainians, as a way of staying aware of the latest news and keeping in touch with loved ones. "We as Ukrainians believe that the truth is on our side, whether it's truth that you're proclaiming about the war and everything else, why would you want to hide it?," he said. Telegram, which does little policing of its content, has also became a hub for Russian propaganda and misinformation. Many pro-Kremlin channels have become popular, alongside accounts of journalists and other independent observers.
from ua

Telegram Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
FROM American