Telegram Group & Telegram Channel
Дар Хуҷанд барои омӯзгорони забони русӣ семинар гузаронида шуд

Бо ташаббуси Маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Хуҷанд ва бо дастгирии шӯъбаи маорифи вилояти Суғд 6 январи соли 2025 барои омӯзгорони забони русии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд дар мавзӯи “Технологияҳои муосири педагогӣ” семинар баргузор гардид, ки дар он 20 нафар омӯзгорони шаҳри Хуҷанд, Бӯстон ва ноҳияи Б. Ғафуров ширкат варзиданд.

Семинар таҳти роҳбарии Мусабияхон Зияева, омӯзгори литсейи физикӣ-математикии ба номи М. Осимӣ, иштирокчии Форуми байналхалқии омӯзгорони забон ва адабиёти рус бо номи “Мероси А.С. Пушкин ва анъанаҳои пушкинӣ дар адабиёти рус”, ки соли 2024 дар шаҳри Ереван баргузор гардида буд, гузаронида шуд.

Дар доираи ин чорабинии муҳим иштирокчиён масъалаҳои мубрами таълими забон ва адабиёти рус бо истифодаи технологияҳои муосир ва усулҳои интерактивии таълим, ташаккули малакаҳои эҷодию таҳлилии хонандагон, инкишофи нутқи русии шифоҳӣ ва хаттии онҳо, ҳамчунин масъалаҳои тайёр кардани толибилмон ба олимпиадаҳои гуногун ва имтиҳонотро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар интиҳо барои омӯзгорон дарси намунавии Мусабияхон Зияева бо истифодаи воситаҳои мултимедӣ пешкаш гардид.

Аз рӯи натиҷаҳои семинар ба иштирокчиён сертификат дода шуд.

#МарказиИлмВаФарҳангиРусияДарХуҷанд

group-telegram.com/rsgov_hodzhent/243
Create:
Last Update:

BY Русский Дом в Ходженте

Share with your friend now:
group-telegram.com/rsgov_hodzhent/243

View MORE
Open in Telegram

Telegram | DID YOU KNOW?

Date: |

So, uh, whenever I hear about Telegram, it’s always in relation to something bad. What gives? He floated the idea of restricting the use of Telegram in Ukraine and Russia, a suggestion that was met with fierce opposition from users. Shortly after, Durov backed off the idea. Founder Pavel Durov says tech is meant to set you free The message was not authentic, with the real Zelenskiy soon denying the claim on his official Telegram channel, but the incident highlighted a major problem: disinformation quickly spreads unchecked on the encrypted app. The picture was mixed overseas. Hong Kong’s Hang Seng Index fell 1.6%, under pressure from U.S. regulatory scrutiny on New York-listed Chinese companies. Stocks were more buoyant in Europe, where Frankfurt’s DAX surged 1.4%.
from us

Telegram Русский Дом в Ходженте
FROM American